Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агар дар ҷаҳон набвад омузгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

  Шуъбаи умумии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

        Шуъбаи умумии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рӯдакӣ аз моҳи январи соли 2020 амал мекунад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шуъбаи умумӣ як нафар корманд  кору фаъолият мекунад.

        Шуъбаи умумии коллеҷи мазкур мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22.07.2013, таҳти №1004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», ки аз 23.07.2016, №1339 тасдиқ шудааст ва тибқи мактуби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04.2024, таҳти №  1\09-403 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми январи соли 2024 таҳти № 30\10-9(4) ҷиҳати қабули муроҷиаткунандагон ва ҳалли мушкилотҳои онҳо аз ҷониби роҳбари муассиса, инчунин Оиннома ва Низомномаи коллеҷ, амалӣ карда шудааст,  фаъолият карда, чунин вазифаҳоро ба уҳда дорад;

қабулу ирсоли ҳуҷҷатҳо ва мактубҳо;

-бақайдгирии саривақтӣ, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва ба роҳбарияти коллеҷ  пешниҳод намудани ҳуҷҷату аризаҳои омўзгорону кормандон,  донишҷўён ва шаҳрвандон, назорати доимӣ аз болои иҷрои онҳо;

-ба роҳбари муассиса пешниҳод намудани  ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшудаи коллеҷ.

Ҳамарӯза шуъбаи умумӣ  кори худро аз бақайдгирии ҳуҷҷатҳои дохилии коллеҷ ва мактубҳои воридотию содиротӣ аз ҷониби роҳбари муассиса ба шуъбаи умумӣ воридшуда, оғоз менамояд. Баъди пешниҳод ба роҳбари муассиса ин ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи умумӣ ирсол гардида, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта, барои иҷро ба шуъбаҳо, факултаҳо, кафедраҳо, шахсони мутасаддӣ расонида мешаванд.

         Мактубҳои воридотӣ;

-аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-аз вилояти Хатлон;

-аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб.

         Мактубҳои содиротӣ ҳамагӣ;   

-ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ба вилояти Хатлон;

-ба шаҳру ноҳияҳои  Кӯлоб;

(Фаъолияти комиссияи барқарору гузариш, (моҳи январ)  

-Аризаҳои донишҷўён дар хусуси интиќол аз як шуъба ба шуъбаи дигар, аз таълими рӯзона ба ғоибона, рухсатии академикӣ, аз як факулта ба факултаи дигар гузаштан, интиқол гирифтан ба дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ирсол мегардад;

-аз шуъбаи рӯзона ба ғоибона

-барқарор, ба аттестатсияи давлатии хатм

-барои кам кардани маблағи шартномаи соли таҳсил

-гузариш аз дигар муассиса

-барқарор

фаъолияти комиссияи барқарору гузариш (моҳи август)

-Аризаҳои донишҷўён дар хусуси интиқол аз як шуъба ба шуъбаи дигар, аз таълими рӯзона ба ғоибона, рухсатии академикӣ, аз як факулта ба факултаи дигар гузаштан, интиқол гирифтан ба дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ирсол мегардад,аз ҷумла;

-аз шуъбаи рӯзона ба ғоибона

-гузариш аз дигар муассиса

-ивази ихтисос

-барқарор

-аризаҳои  омўзгорону кормандон;

-аризаҳои қабули шаҳрвандон;

Ҳар як пешниҳодҳо, дархостҳо, маълумотномаҳо, гузоришҳо ва мактубҳои воридотию содиротӣ рақамгузорӣ карда шуда, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд.

Маълумотномаҳои музди маош ва ҷойи кор;

-пешниҳодҳо;

-гузоришҳо;

-баёнотҳо;

- муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ;

- муроҷиатҳои электронӣ;

-муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ);

- муроҷиатҳои шифоҳӣ.

 

Мудири шуъбаи умумӣ                                 Худойназарова Таманно

Ҳамкориҳо