Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агар дар ҷаҳон набвад омузгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

WhatsApp Image 2022-09-02 at 17.17.04

Одиназода Латофат Амиршо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент


ШАРҲИ ҲОЛ

Одиназода Латофат Амиршо 08.08.1979 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Миллаташ тоҷик, аъзои ҲХДТ. Донандаи ду забони хориҷӣ (рӯси ва англисӣ).
Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (бо ихтисоси астрономия) ва соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (бо ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ) хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

донишҷӯи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 2000-2005;
лабаранти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 2002-2005;
мудири лабараторияи кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи мллии Тоҷикистон – 2006-2008;
ассистенти кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 2008-2014;
муаллимаи калони кафедраи астрономия ва муовини декан оид ба таълими ғоибонаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 2014-2015;
директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе – 2015-2020;
директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ – 2020-2022;

бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2022 директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардид.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон ба нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд қадрдонӣ гардидааст.
Оиладор. Соҳиби 2 фарзанд.

Ҳамкориҳо