Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агар дар ҷаҳон набвад омузгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

        Марказ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи муассисаи коллеҷи омӯзгории донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, (минбаъд Коллеҷ) амру фармонҳои Директор ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат, шӯъба, бахш, факултет ва кафедраҳои Колеҷ ба роҳ монда, дар назди Директори Колеҷ ва муовини Ректор оид ба корҳои таълимӣ масъул  мебошад. Додани ахборот, маълумот ва дигар намуд ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти Марказ алоқаманд тибқи муқаррароти Оиномаи Донишгоҳ, Низомномаи мазкур ва амру фармонҳои Директори коллеҷ сурат мегирад.

Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Марказ:

-пайваст намудани сохторҳои Колеҷ (факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо ва синфхонаҳои компютерӣ) ба шабакаи иттилоотии ҷаҳонии интернет ва почтаи элекронӣ.

-таъмини техникаи синфхонаҳои компютерии Коллеҷ барои пайвасти устувор ба шабакаҳои итилоотии ҷаҳонӣ (интернет, почтаи электронӣ).

-назорати мақсаднок истифодабарии компютерҳо ва шабакаҳои итилоотии ҷаҳонӣ дар синфхонаҳо ва дигар сохторҳо.

-таъмин намудани синфхонаҳо бо барномаҳои компютерии таълимии лозима.

-таъмин намудани эътимодияти истифода ва кори техникаи компютерии Коллеҷ.

-ташхис ва таъмиру тармим намудани техникаи компютерии Коллеҷ.

-дар мувофиқа бо муҳосибот харидорӣ намудани техникаи компютерӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо.

-такмили гардиши ҳуҷҷатҳо дар Коллеҷ, лоиҳакашӣ ва ҷорикунии воситаҳои замонавии технологӣ дар ҷараёни коркарди иттилоот.

-ҳифзи қоидаи техникаи бехатарӣ дар синфхонаҳои компютерӣ

-насб намудани тахтаҳои электронӣ ва назорат намудани онҳо дар синфхонаҳо ва кабинетҳои ороишӣ

        Айни замон дар МТИК мутахассисони ботаҷриба кору фаъолият намуда, барои таъмини заминаи моддӣ-техникии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ саҳми худро мегузоранд. 

        Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони МТИК дар синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои таълимии дорои тахтаҳои электронию проекторҳо ва дигар сохторҳои коллеҷ корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сатҳи гуногун инчуни таъмини маводҳои электрони ва таҷҳизотҳои техники дар раванди баргузори чорабиниҳо аз ҷониби кормандом таъмин карда мешавад. Мувофиқи дархосту пешниҳодҳои факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ оид ба бартараф намудани нуқсонҳои техникӣ, таъмири компютерҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ корҳои ташхисиву таҳлилӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои техникии бамиёномада бартараф карда мешаванд. 

Ҳамкориҳо